Забони Точики - "Интихоби шумо".mp3 /Тажик тили - "Сенин тандооң".mp3

3:22
 
Поширити
 

Manage episode 337911754 series 3383903
Зроблено Kyrgyzstan Words of Life і знайдено завдяки Player FM та нашій спільноті. Авторські права належать видавцю, а не Player FM, і аудіоматеріали транслюються безпосередньо з сервера видавця. Натисніть на кнопку Підписатися, щоб слідкувати за оновленнями в Player FM або скопіюйте і вставте посилання на канал до іншої програми для подкастів.
Tojik tili - "Sening Tanloving".mp3 / Таджикский язык - "Твой выбор".mp3 / Tajiki Language - "Your Choice".mp3 // ЮҲАННО 1 - Каломи ҳаёт1. Дар ибтидо Калом буд ва ин Калом бо Худо буд ва Калом Худо буд. 2. Вай дар аввал бо Худо буд 3. ва ҳама чиз ба воситаи Ӯ офарида шуду бе Ӯ ҳеҷ чизе аз офариниш пайдо нашуд. 4. Дар Ӯ ҳаёт буд ва ин ҳаёт барои одамон равшанӣ буд.5. Равшанӣ дар торикӣ медурахшад ва торикӣ онро фаро гирифта наметавонад.6. Марде бо номи Яҳё аз тарафи Худо фиристода мешавад, 7. ки дар бораи равшанӣ шаҳодат диҳаду ҳама ба воситаи Ӯ имон оваранд. 8. Яҳё худ равшанӣ набуд, вале барои он омад, ки дар бораи равшанӣ шаҳодат диҳад. 9. Он равшании ҳақиқие, ки ба ҳамаи одамон медурахшад, ба ҷаҳон омаданӣ буд.10. Калом дар ҷаҳон буд ва мардуми ҷаҳон ба воситаи Ӯ офарида шуда бошанд ҳам, Ӯро нашинохтанд. 11. Вай ба назди қавмаш омад, вале онҳо Ӯро қабул накарданд. 12. Аммо ба касоне, ки Ӯро қабул карданд ва ба Ӯ имон оварданд, ҳуқуқ дод, ки фарзандони Худо шаванд. 13. Онҳо на ба таври табиӣ ва на аз рӯи хоҳиши инсонӣ, балки аз Худо таваллуд ёфтаанд.14. Инак, Калом инсон шуд ва дар миёни мо истиқомат дошт. Мо шӯҳрату ҷалоли Ӯро дидем, ки мисли ҷалоли фарзанди ягонаи Падар пур аз марҳамату ростӣ буд. 15. Яҳё дар бораи Ӯ шаҳодат доду бо овози баланд гуфт: «Ман Ӯро дар назар дошта ба шумо гуфта будам, ки баъд аз ман каси аз ман бузургтаре меояд, чунки Вай пеш аз ман вуҷуд дошт».16. Аз фаровонии файзи Ӯ ҳамаи мо баракат аз паси баракат ёфтаем. 17. Худо шариатро ба воситаи Мӯсо додааст, вале файзу ростӣ ба воситаи Исои Масеҳ омад. 18. Худоро ҳеҷ гоҳ касе надидааст. Ӯро фақат Писари яккаву ягона, ки ҳамеша бо Падар аст, барои мо ошкор кардааст.

138 епізодів