Tajiki - "Гуфтори зиндаги No.1".3gp / Тажиктер - "Өмүр сөздөрү No 1".3gp

1:03:29
 
Поширити
 

Manage episode 337911755 series 3383903
Зроблено Kyrgyzstan Words of Life і знайдено завдяки Player FM та нашій спільноті. Авторські права належать видавцю, а не Player FM, і аудіоматеріали транслюються безпосередньо з сервера видавця. Натисніть на кнопку Підписатися, щоб слідкувати за оновленнями в Player FM або скопіюйте і вставте посилання на канал до іншої програми для подкастів.
Tojiki - "Hayot So'zlari No1".3gp / Таджики - "Слова Жизни №1".3gp / Tajiki - "Words of Life No.1".3gp // 1 БА ҚӮРИНТИЁН 13Муҳаббат аҷоибтарин бахшоиши рӯҳонист.1Агар ба забонҳои одамон ва фариштагон сухан ронам, лекин муҳаббат надошта бошам, — ман миси ҷарангосзанандае ё санҷи садодиҳандае гардидаам.2Агар бахшоиши нубувват дошта бошам, ва тамоми асрорро донам, ва дорои ҳар гуна дониш ва тамоми имон бошам, ба тавре ки кӯҳҳоро кӯчонида тавонам, лекин муҳаббат надошта бошам, — ман ҳеҷ ҳастам.3Ва агар тамоми дороии худро тақсим кунам ва ҷисми ҳудро ба сӯхтан диҳам, лекин муҳаббат надошта бошам, — ҳеҷ манфиате намебинам.4Муҳаббат пуртоқат ва бошафқат аст, муҳаббат ҳасад намебарад, муҳаббат бо худ намеболад, мағрур намешавад,5Бадкирдорӣ намекунад, нафъи худро толиб нест, ба хашм намеояд, ба дил кина намегирад,6Аз зулм шод намешавад, балки аз ростӣ хурсанд мешавад;7Ҳама чизро рӯпӯш мекунад, ба ҳама чиз боварӣ дорад, ба ҳама чиз умед мебандад, ба ҳама чиз тоб меоварад.8Муҳаббат ҳаргиз хотима намеёбад, гарчанде ки нубувватҳо хотима хоҳад ёфт, забонҳо хомӯш хоҳад шуд ва дониш ботил хоҳад гашт.9Зеро ки мо ба таври ҷузъӣ медонем ва ба таври ҷузъӣ нубувват мекунем;10Аммо вақте ки камол меояд, он чи ҷузъӣ буд, хотима меёбад.11Вақте ки кӯдак будам, кӯдаквор гап мезадам, кӯдаквор фикр мекардам, кӯдаквор муҳокима мерондам; аммо вақте ки мард шудам, кӯдакиро тарк кардам.12Зеро ки мо ҳоло дар оина, ба таври муаммо мебинем, лекин он вақт рӯ ба рӯ хоҳем дид; ҳоло ман ба таври ҷузъӣ медонам, лекин он вақт хоҳам донист ба монанди он ки худам низ дониста шудаам.13Аммо ҳоло ин се чиз боқӣ мемонад: имон, умед, муҳаббат; вале муҳаббат калонтарини онҳост.

138 епізодів